image

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

date_range10.05.2023, 15:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye213

Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90 даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки он фардо низ идома меёбад.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.

Дар даври ноҳиявии озмун ғолибони даври дохилимуассисавӣ аз сохтору ташкилот ва муассисаҳои ноҳияи Сино дар панҷ номинатсия иштирок мекунанд. Тазаккур бояд дод, ки даври дохилимуассисавии озмун бо рақобати солими иштирокчиёни он ҷамъбаст гардида, барои иштирок дар даври ноҳиявии он зиёда аз 450 нафар довталабон рохҳат гирифтанд.

Дар рӯзи аввали даври ноҳиявии озмун 245 нафар довталабон аз ноҳияи Синои пойтахт аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик» байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур аз 10-уми май оғоз гардида, давоми як ҳафта дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90 бо иштироки ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисоу коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва аҳли қаламу адаб гузаронида мешавад.

Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври шаҳриро мегарданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"