image

Оғози даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range10.05.2023, 15:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye303

Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли ҷорӣ низ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ шуда истодааст.

Ҳоло дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Даври ноҳиявии ин озмун дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар МТМУ №31 доир гардид, ки дар он аҳли фарҳанги ноҳия, намояндагони сохторҳои ноҳиявӣ ва беҳтаринҳои даври аввал ширкат варзиданд. Иштирокчиён бо риояи талаботҳои озмун баромад намуданд.

Соли 2023 ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як қатор тағйироту навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

Дар номинатсияи эҷоди назму наср низ тағйирот ворид шуда, соли ҷорӣ довталабони бахши эҷоди назм ва эҷоди наср дар алоҳидагӣ иштирок мекунанд.

Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд.

Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат соли ҷорӣ барои довталабони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"