image

Баргузории шаби эҷодии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Файзали Ҳасан

date_range10.05.2023, 16:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye261

Дар шаҳри Душанбе шаби эҷодии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуадуллои Рӯдакӣ -Файзали Ҳасан баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ ҳунарманд бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин хотири мухлисону ҳаводоронашро шод намуд.

Файзали Ҳасан ҳунармандекӣ бо ҳунари волояш дилҳоро тасхир намуду ба дидаҳои мардум ҷой гирифт. Ин ҳунарманд дар тули фаъолияти хеш бо шумораи таронаҳои дилнишинаш тавонист бо истеъдоди баланди сарояндагӣ ҳунару фарҳанги мардуми тоҷикро ба чахониён ошно созад. Зеро ин ҳунарманди мардуми умри пурбаракати хешро пурра ба ҳунару санъат бахшид ва тавонист дар ин ҷодаи интихобкардааш мувафақ гардад.

Дар идомаи баргузории шаби эҷодии устод Файзали Ҳасан, ки таҳти унвони «Домани Имон Ватанам» баргузор гардид, муовини Вазири фарҳанги ҶТ ба сухан баромада, ҳунарманди мардумиро оид ба 55 солагии фаъолияти эҷодияш таҳният гуфт. Мавсуф дар идомаи суханронияш қайд намуд, ки фарҳангу ҳунар як рукни тамаддуни башарӣ буда, дар заминаи меросу суннатҳои миллӣ ва дастовардҳои халқу миллатҳо рушд меёбад. 

Маврид ба зикр аст, ки Файзали Ҳасан тӯли фаъолияти эҷодии хеш ба кишварҳои Эрон, Афғонистон, Франсия, Россия, Лубнон, Сурия, Қатар, Полша, Германия, Ҳиндустон, Покистон ва дигар давлатхо сафарҳои ҳунарӣ намудааст. 

Устод Файзали Ҳасан дар тули фаъолияти эҷодии хеш шеъру сурудҳои зиёдеро дар васфи Тоҷикистони азиз аз қабили «Тоҷики ман зинда бош», «Шукрона бояд кард», «Тоҷикистон Ватанам», «Шукронаи Ватан», «Бе хоки Ватан», «Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад Худо» ва амсоли инҳоро сурудааст, ки мақбули ҳаводоронаш гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки айни замон ин ҳурнамди мардуми ба ҳайси сарояндаи ансамбли давлатии «Фалак», омӯзгори Консерватрияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти намуда, дар риштаи ҳунар шогирдони зиёдеро низ ба воя расонида истодааст.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"