Ҷамъбасти Озмуни зеҳнии Шоҳмот дар Академияи идоракунии давлатӣ
Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази солимгардонии муассиса дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи "10 рӯзи ҷавонӣ" дар Академия мусобиқаи зеҳнӣ аз рӯйи намуди "Шоҳмот" байни устодон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе таҳти унвони "Ҳифзи пиряхҳо-ғамхорӣ ба табиату башарият аст" баргузор карда шуд.
Мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқ, муаррифӣ ва оммавигардонии ин намуди варзиши зеҳнӣ ташкил гардидааст.
Қайд карда шуд, ки варзиши мазкур аз зумраи намудҳое ба ҳисоб меравад, ки дар тарбияи солими зеҳни инсон ва кори муътадили мушакҳои майнаи асаб нақши муҳим дорад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 30 нафар устодону кормандони муассисаҳои олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе номнавис гардида, дар ду гурӯҳ миёни мардон ва миёни занон аз рӯйи методи швейтсарӣ мусобиқа намуданд.
Дар натиҷаи мусобиқа ғолибон муайян ва бо ҷому медал ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Тибқи баҳодиҳии ҳайати доварони мусобиқа ҷойи якум ва дуюм миёни мардон насиби намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм насиби намояндаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид. Миёни занон низ ғолибон буданд ва онҳо низ дар вазъияи тантанавӣ қадрдонӣ шуданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ