Тарғиби либоси миллӣ дар боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе
Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз санаи 5 апрел то 24 майи соли 2023 аксия «Тоҷикона мепушем»-ро дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои кишвар роҳандозӣ намудааст.
Ин навбат аксияи «Тоҷикона мепӯшем» дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.
Дар ин аксия занону бонувони ин ниҳодҳо бо пероҳани зебои атласу адрас ва чакан бо шукргузорӣ аз фазои ободу озоди ин ватани маҳбуб дар хиёбону гулгаштҳо гашту гузор менамуданд, ки ба зебоии ин боғ ҳусни тоза зам мекард.
Мавриди зикр аст, ки либосӣ миллӣ нишони ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва таҷассумгари зебоист. Ин унсури миллӣ муаррифгари ҳар давлату миллат аст, ки он шаҳодати соҳибтамаддуниву соҳибфарҳангист.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ