image

Анҷоми мусобиқаи кушоди футбол миёни наврасони кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт барои дарёфти Ҷоми шаҳри Душанбе

date_range12.05.2023, 10:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye194

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 25-уми апрел то 11-уми май мусобиқаи кушоди футбол миёни наврасони кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт барои дарёфти Ҷоми шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин мусобиқа бо иштироки беш аз 30 даста дар сину соли 2012 боло роҳандозӣ гардид, ки он кӯдакону наврасони зиёдеро, ки дар майдончаҳои назди бино ва маҳалаи худ тамрин мекунанд, ба ҳам овард.

Нахуст рақобат барои ҷойи сеюм доир гашт, ки дар он тими Аҳмади Дониши н. Шоҳмансур бо дастаи Гулободи ҳамин ноҳия неру санҷид, ки дар натиҷа дастаи Аҳмади Дониш пирӯз дониста шуд. Дар набарди ниҳоӣ футболбозони кӯчаҳои Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ва дастаи Фирдавси ба масофи ҳам омаданд. Рақобати тимҳо пуршиддат ҷараён гирифту бо ғалабаи дастаи Неъмат Қарбоев ба итмом расид.

Пас аз анҷоми тамои бозиҳо маросипи пӯшидашавии мусобиқа баргузор гардид, ки дар он намояндагони Раёстаи кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Ҳамин тариқ ба беҳтарин футболбозони тимҳои иштирокчӣ сипосномаҳо тақдим шуд. Ба дастаҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол намуданд, медалу ифтихорнома дар вазъияти тантавӣ тақдим карда шуд.

Инчунин бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи Раси шаҳри Душанбе – муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаҳои иштирокчӣ, ки дар ин мусобиқа иштироки фаъолона доштанд, либосҳои варзишӣ тақдим шуд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"