image

Ҷаласаи корӣ ҷиҳати таҷлили сазовори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

date_range12.05.2023, 15:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye167

ш.Душанбе. 12.05.2023. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷаласа нахуст таваҷҷуҳи иштирокчиён ба дастгириҳои рузафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба наврасону ҷавон ҷалб карда шуда, таъкид гардид, ки “фаъолияти қишри ояндасози ҷомеа, зери тавваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар қарор дошта, бахотири солиму созанда ба воя расидани онҳо марҳила ба марҳила шароити арзанда фароҳам оварда мешавад.”

Дар идома таъкид гардид, ки бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз «3» майи соли 2023, №232 тасдиқ гардида, давоми моҳи май баргузории чорабиниҳои мақсаднокро дар бар мегирад.

Дар робита ба ин, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вазифадор гардиданд, ки иҷрои самараноки нақшаи чорабиниҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.