Ба касбомӯзони курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ шаҳодатномаҳои хатм супорида шуд
Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватандӯстӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3-майи соли 2023, №_232 тасдиқ гардидааст, маросими супоридани шаҳодатномаҳои хатм ба касбомӯзони курсҳои омузишии дузандагӣ барои ҷавонони ниёзманди маҳаллаҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Қайд гардид, ки масъалаи ба шуғл фаро гирифтани насли ҷавон зери таваҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар қарор гирифта, пайваста дар ин самт бо таъсиси ҷойҳои нави кори мувофиқ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ин давра бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе аз соли 2017 инҷониб бо мусоидати Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби ҷавондухтарон аз оилаҳои камбизоат ба хотири фаро гирифтан ба омўзиши дўзандагӣ ва ҳунарҳои пазандагиву бофандагӣ дар асоси нақшаву барномаҳои дурнамо дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ марказҳои омўзишӣ ташкил карда шуда, курси омўзишӣ таҳти унвони “Ҳунар омўз к-аз ҳунармандӣ” таъсис дода шуднд.
Зимни ҷамъбасти курси омӯзишӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод ва намояндаи мақомоти шуғли аҳолӣ Табарзода Фазлиддин иштирок намуда, таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкурро зери таваҷҷуҳи хеш қарор дода, дар Паёми ҳарсолаи худ, ҷиҳати ба шуғл фарогирии ҷавонон, таъсиси ҷойҳои кории нав ва дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат муҳаё намудани шароити арзанда ба сокинон таъкид менамоянд.
Дар тадбири мазкур 30 нафар ҷавондухтарони оилаҳои ниёзманд аз маҳаллаҳои пойтахт давоми 2 моҳ ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шуда, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ