image

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияҳои пойтахт оғоз гардид

date_range16.05.2023, 09:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye256

Чорабинӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” ва Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов” доир гардид. Дар даври ноҳиявии озмун дар нохияи Фирдавсӣ наздик ба 100 нафар ширкат варзиданд.

Бо омодагии ҳамаҷониба ва маҳорати воло дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» довталабон аз ноҳияи Фирдавсӣ ширкат ва маҳорати худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд. Ширкатдорони даври ноҳиявӣ барои ғолибият ва иштирок дар давраҳои минбаъади озмуни мазкур маҳорати худро аз рӯйи номинатсияҳои дар озмун муайянгардида пешиниҳод намуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки тартиби баргузории даври якуми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ гардидааст ва дар асоси он ин озмун ҷараён гирифт. Доварони соҳибтаҷриба аз муассисаҳои соҳавӣ ба маҳорати ҳар як иштирокчии озмун баҳогузорӣ менамуданд.

Бояд гуфт, ки соли панҷум аст, ки озмун дар кишвар баргузор мегардад ва дӯстодорони санъату мусиқиро ба ҳам меорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни мазкур дар ноҳияи Фирдавсӣ 100 нафар довталаб аз рӯи санъати оҳангсозӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ ва дизайну расомӣ, ки имсол дар ин озхмун илова гардидааст маҳорати худро пешкаши ҳайати хакамон намуданд.

Ҳадаф аз баргузории озмун-ин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошанд.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"