image

Дар чорабинии бахшида ба "Рӯзи Оила" оилаҳои намунавӣ қадрдонӣ шуданд

date_range16.05.2023, 09:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye253

Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» аз зумраи муассисаҳое мебошад, ки дар он ҷавондухтароне, ки аз ноҳияҳои кишвар дар пойтахт таҳсил менамоянд, ба истиқомат фаро гирифта шудаанд. Дар ин марказ пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ва омӯзишӣ доир карда мешавад, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорат ва ҷаҳонбинии ҷавондухтарон мусоидат менамояд. Ин навбат бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бахшида ба Рӯзи Оила ҳамоиш баргузор гардид.

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Оила дар саҳни ҳавлии МТ «Чароғи ҳидоят» бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, роҳбарияти муассиса ва бошандагони марказ доир гардид. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ доир ба нақши оила дар замони ҷаҳонишавӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо, мушкилоти иҷтимоию психологии оилаи муосир ва ба ин васила тарғиби арзишҳои миллӣ маърузаҳо ироа намуданд.

Зимни чорабинӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва ҷиддияти тарбияи фарзандон дар муҳити созгору шоиста аз ҷониби ҷавонон низ пешниҳодҳои мушаххас ирсол гардид.

Зимни баромади ҷавондухтарон низ гуфта шуд, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Имрӯз боиси хушнудист, ки занону духтарони босаводу болаёқат дар ҳама сохторҳои давлатӣ фаъолона хизмат доранд. Албатта чи қадаре, ки занону духтарон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд.

Оилаҳои намунавие, ки дар ин чорабинӣ иштирок доштанд, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ қадрдонӣ гардиданд.

Сипас аз ониби бошандагони Марказ саҳнаҳои тарбиявӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Саодат Тоирӣ 

"ТВ Душанбе"