«Солимии оила-асоси пойдории давлат ва ҷомеа». Зери ин унвон мизи мудаввар доир шуд
Дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, бахшҳои кор бо занону оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар масъулин машварат доир шуд.
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Оид ба татбиқи Қарори Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2014 тасдиқ гардидааст, дар толори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлол мизи мудавваро таҳти унвони «Солимии оила-асоси пойдории давлат ва ҷомеа» ҷиҳати баррасии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, сабабҳо ва роҳҳои коҳиш додани он, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои муттақобила байни марказҳои ёрирасон доир намуд.
Мизи мудавварро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, дар байни зиёда аз 180 давлати дунё обрӯву нуфузи махсусро доро буда, ҳамчун давлати сулҳофар шинохта шудааст.
Маърузачиён дар идомаи кори мизи мудаввар қайд намуданд, ки зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон қарор дорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-ум марти соли 2013 ба тасвиб расидааст, ки мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бабахусус омилҳоми зӯроварӣ дар оила, рафторҳои бадахлоқонаи дар оила ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон таҳия шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе фаъолият менамояд, ки бевосита ба гирифторони ҳолатҳои зӯроваридошта кумакҳои ҳуқуқию равонӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносону равоншиносони муассиса расонида мешавад.
Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбяии фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайнд дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ