Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияҳои пойтахт ҷамъбаст гардид
Чорабинӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” доир гардид. Имрӯз бошад маросими қадрдонии ғолибони он сурат гирифт. Бо омодагии ҳамаҷониба ва маҳорати воло дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» довталабон аз ноҳияи Фирдавси ширкат ва маҳорати худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.
Ширкатдорони даври ноҳиявӣ барои ғолибиёят ва иштирок дар давраҳои минбаъади озмуни мазкур маҳорати худро аз рӯйи номинатсияҳои он пешиниҳод намуданд. Доварон дар раванди он ба маҳорати 48 нафар довталаби даври ноҳиявӣ баҳогузорӣ намуданд.
Баъди ҷамбасти даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ин ноҳияи пойтахт маросими қадрдонии ғолибони он баргузор шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Раёсати фарханги шаҳри Душанбе иштирок намуда, нахуст доир ба аҳмияти озмуни мазкур ва сатҳи баргузории он дар ҳудуди ноҳия баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун-ин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ