image

Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд

date_range20.05.2023, 12:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye257

Бо мақсади муаррифии имкониятҳои донишкада дар самти омодасозии кадрҳои баландихтиосос ва ҷалби довталабон ба муассиса дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҷараёни ин чорабинӣ фаъолона ширкат намуданд.

Муарифии имконият, ҷалби бештари довталабон ва роҳнамоӣ ба хотири интихоби дурусти касб. Ин ҳама змини як тадбир дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов. Ин муассисаи олии таълимӣ яке аз донишкадаҳои муҳимтарини тайёр намудани кадрҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва самти низомӣ ба ҳисоб меравад. Ин боргоҳро ҳамасола ҳазорҳо нафар аз минтақаҳои гуногуни кишвар ҳамчун мутахассиси бахшу соҳаҳои гуногун хатм мекунанду барои пешрафти мамлакат ва густариши соҳаи маориф ҳисагузоранд.

Ба хотири шиносоӣ аз фаъолияту дастовард ва имкониятҳои таълимии Донишкада роҳбарияти муассиса барои ихлосмандону хоҳишмандони риштаи варзиш рӯзи дарҳои боз баргузор намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар муассиса шароити зарурӣ бо ташкили толору майдончаҳои варзишӣ барои донишҷӯён фароҳам шудааст. Бо истифодаи ин имконият ҳамасола мутахасисон омода карда мешаванд.

Дар рӯзи дарҳои кушод асосан хатмкунандагони муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карда, аз синфхонаҳои таълимӣ, шароити дар кафедраи ҳарбии ин муассисаи олии таълимӣ ва дигар имкониятҳои донишкадаи мавриди назар дидан намуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки ташкили чунин чорабиниҳо аз як ҷониб барои муаррифии имконияти муассисаҳои олии таълимӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар барои интихоби касб ва ихтисоси хонандагон низ хуб аст. Ҳамин аст, ки чунин чорабиниҳо давоми солҳои охир мунтазам роҳандозӣ мешавад. Хатмкунандагон зимни ин чорабинӣ пурра бо имкониятҳои донишкада бо роҳбаладии масъулин шинос шуданд.

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дорои 5 факултет ва 16 кафедра буда, дар он мутхассисони баландихтисоси соҳаи варзиш омода карда мешаванд. Ҳамасола дастапарварони ин муассисаи таълимӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намуда, бо ба даст овардани мавқеҳои ифтихорӣ ва ғолибият парачами Тоҷикистонро миёни кишварҳои гуногуни олам парафшон менамоянд. Бо фаъолияти варзитшагрон низ хонандагон огоҳ шуданд.

Раҳими Карим

"ТВ Душанбе"