image

СОЛИМИИ МИЛЛАТ - РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

date_range20.05.2023, 13:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye322

ш.Душанбе. 20.05.2023. Варзиш дар ҳама давру замон барои инсоният аҳамияти хосса дошт ва он яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солими ҷомеа ба ҳисоб меравад. 

   Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон мусоидат карда, пайвандгари муносибатҳои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ошноии мардумони гуногуни олам мебошад. 

   Дар ҳамин замина дар асоси банди 31-и Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Солимии миллат - рушди устувори давлат" бо ҷалби доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун, кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сохаи тандурустӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ ва дигарон баргузор карда шуд. 

   Бояд ёдовар шуд, ки дар машқи пагоҳирӯзӣ дар яке аз манзараҳои зебои Душанбешаҳр - "Шаршара"-и Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе доир гардид.

    Дар кори он, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халкии Демократии Тоҷикистон Мирзозода Иброхим ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод иштирок ва иштирокчиёни чорабинии мазкурро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуданд.

   Ҳамчунин, барои таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва нигоҳ доҳтани солимии онҳо ҳайати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз чумла, раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии пойтахт адои хизмат намуданд. 

   Ёдовар мешавем, ки дар ин машқи оммавии пагохирӯзӣ беш аз 5000 нафар иштирок намуданд.