image

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Академияи идоракуни давлатӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид

date_range22.05.2023, 14:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye287

Дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ бо ибтикори бахши кор бо ҷавонони Академия чорабинии сиёсию фарҳангӣ доир карда шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола санаи 23-уми май дар саросари кишвар таҷлил мегардад, дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ чорабини зебои фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабини масъулин ба сухан баромада, нақш ва мақоми ҷавононро дар пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон назаррас маънидод намуда, қайд карданд, ки имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд.

Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушду такомул ва дастгирии ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро фароҳам овард ва онҳо бо дастовардҳои худ дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда будани худро ба тадриҷ собит месозанд. Яке аз ин дастгириҳо ин эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат мебошад.

Ҳамзамон ба як қатор ҷавонони фаъол аз ҷониби Академияи Идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ ифтихорнома тақдим карда шуд. Дар ин замина баҳри саҳм гузоштанд дар тадбиқи сиёсати босамари ҷавонон ба як қатор донишҷӯёни Академия сипоснома ва итихорномаҳо тақдим карда шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"