Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Сино чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид
Чорабинии тантанавии ноҳияи Сино ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши дастовардҳои ҷавонони ноҳия, хосса омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ пешниҳод шуд. Чорабинӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия роҳандозӣ гардид.
Дар чорабинии маърифатӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино баромад намуда, саҳми ҷавононро дар рушди бахшҳои гуногун муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонони муваффақ, гирандагони стипендяи Президентӣ, гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр ва Раиси ноҳия, ғолибони озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Чорабинии навбатӣ низ бо мақсади дастгирии ҷавонон ва таъмини фароғатии онҳо ташкил шудааст. Дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба онҳо таваҷҷуҳи хоса дорад. Илова бар ин ҷавонон аз як зумра имтиёзҳо бархурдоранд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо шодмониву хушии ширкатдорони он то дергоҳ идома ёфт.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ