«Дунё пур аз ҷавонӣ» бо чунин унвон дар Консерваторияи миллӣ барномаи консертӣ баргузор шуд
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар доираи Нақша-чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар доираи моҳвораи ҷавонон барномаи консертии идона таҳти унвони «Дунё пур аз ҷавонӣ» бо ҷалби ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат», гирандагони стипендияи Президентӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, роҳбарият ва ҳайати профессорон ва донишҷӯёни консерваторияи миллии Тоҷикистон, муҳассилини коллеҷҳои санъат ва мактабҳои мусиқӣ ширкат варзиданд.
Нахуст ҳайати роҳбарият иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, ҳамзамон ҷавононро пайравӣ Пешвои миллат арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки давлату ҳукумати кишвар ба ин қишри фаъоли ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, талошҳо ба он равона гардонидааст, ки дар кишвар як насли донишвар, бо афкори неку созанда ва устувори хеш масъулияти бузурги давлатдориро дар оянда бар души худ бигиранд ва баҳри пешрафту шукуфоии давлату миллат саҳм бигиранд.
Барномаи идонаи консертӣ аз ҷониби оркестри эстрадии Консерваторияи миллӣ пешниҳод ҳозирин гардид, ки он ишқу муҳаббат ба ватан ва ҷавонию зебоиро дар худ таҷаллӣ медод.
Мавриди зикр аст, ки ҷавонон нерӯи пуриқтидори созандаву пешбарандаи ҷомеа эътироф шуда, ҷавононро мебояд аз файзу нусрати Истиқлолияти давлатӣ баҳра гирифта, дар ҳифзу ободии ин кишвар қадамҳои усувор гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаҳо аз ҷониби Кумита тақдим гардид.
Гулова С.
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ