image

Дар ноҳияи Сино даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» оғоз гардид

date_range23.05.2023, 09:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye271

Дар толори Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» оғоз шуд.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми феврали соли 2023 айни замон дар пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» ҷараён дорад. Даври ноҳиявии омзун дар ноҳияи Сино дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир гашт. Дастаи эҷодкорони ноҳияи Сино бо баргузор намудани як барномаи ҷолиби фарҳангӣ дар даври ноҳиявии озмун ширкат намуданд. Дар он масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино сухан карда, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман»-ро, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат доир карда мешавад, имконяити хуб баҳри муаррифии ҳунару маҳорати кӯдакону наврасон ва ҷавонон маънидод намуд.

Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Ғолибони озмун бо диплому ҷоиза ва дигар туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ мегарданд.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд. Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баргузор карда мешавад.

Дар асоси Низомнома ба озмун қабл аз ҳама суруд ва оҳангҳои тозаэҷод, асарҳои нави композиторони ватанӣ, ҳамзамон беҳтарин осори мусиқии классикии ҷаҳонӣ, намунаҳои олии мусиқии анъанавӣ (мақомхониву фалаксароӣ), инчунин овозхонии академӣ (вокал) пешниҳод мешаванд. Озмун дар байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин муассисаҳои таълимии хусусӣ, композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон, иштирокчиёни филармония ва театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳия, аъзои ансамблҳои тарона ва рақс ва фолклорӣ, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳое, ки алоҳида фаъолият менамоянд, иштирок карда метавонанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"