image

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон оғоз шуд

date_range23.05.2023, 10:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye185

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душане мусобиқаи кушоди футболи хурд байни кормандони Вазорату корхонаҳо, муассисаву ташкилот ва дигар идораву ҷамъиятҳо оғоз гардид.

Дар майдончаҳои Федератсияи Футболи Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, инчунин кормандони Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии пойтахт ва дигар масъулони бахши варзиш иштирок намуданд.

Тавре таъкид рафт, ин мусобиқа бори 7-ум аст, ки дар байни кормандони Вазорату идораҳо, муассисаву корхонаҳо ташкил ва роҳандозӣ мешавад, ки ҳадаф аз он ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба майдонҳои солимгардонӣ ва рушди футбол дар кишвар маънидод карда мешавад.

Нахуст дар маросими кушодашавии ин мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Абдулло Раҳмонзода суханронӣ намуда зикр намуд, ки баргузории Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оид ба футболи хурд ба ҳукми анъана даромада, ин мусобиқа бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамасола ташкил ва роҳандозӣ карда мешавад.

Пас аз он мусобиқа расман кушода эълон гардид. Тавре гуфта мешавад имсол бо дастгирии МИҲД шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 93 тими футбол барои дарёфти ҷоизаи асосии маърака муборизаро оғоз карданд.

Ҳамзамон пас аз маросими кушодашавӣ якчанд рақобатҳои даври аввали ин мусобиқа доир гардиданд. Тавре гуфта мешавад, МИҲД шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи кишвар ин чорабиниро ҳамасола бо мақсади тарғиби варзиш дар байни кормандони касбу кори гуногун, ба вижа барои онҳе, ки бештари вақти хешро дар утоқҳои корӣ мегузаронанд, ташкил менамояд то ҳама табақаҳои ҷомеа ба тарзи ҳайёти солим ҷалб шаванд.

Рауфзода Меҳроб
"ТВ Душанбе"