image

Ҳамоиши ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон ва таҳкими истиқлолияти миллӣ»

date_range23.05.2023, 11:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye142

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар шаҳраки донишҷӯёни ДМТ семинари илмӣ-назариявии муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон ва таҳкими Истиқлолияти миллӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъулин ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ, олимони ҷавон, муҳаққиқон, магистрантон ширкат карда, доир ба мавзӯъҳои ҷавонон нерӯи созандаи миллат, нақши тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ, саҳми ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ маърӯзаҳо карданд.

Дар рафти чорабинӣ таъкид шуд, ки дар ҷомеаи муосир нақш ва манзалати ҷавонони фаъол, донишманду хештаншинос бағоят муҳим буда, пешрафт, ташаккул ва муаррифии имкониятҳои зеҳнии ҷомеаро бидуни онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Зикр шуд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бузурги таълимӣ дар тӯли фаъолияти худ ҳазорҳо ҷавонони бонангу номуси миллатро ба воя расонида, барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ сафарбар намудааст.

Дар идомаи чорабинӣ саҳми Пешвои миллатро ҷиҳти мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургу назаррас арзёбӣ намуда, ҷавононро ҳамчун қувваи бузург, неруи созанда, ояндаи миллат ва захираи стратегии давлату Ҳукумат эътироф кардани Пешвои муаззами миллат виқору ифтихори миллии ин қишри ояндасозро таҳким бахшида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Дар ин замина, ҷавонони кишварро зарур аст, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми сазовори Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи ҷавонон донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва мафкураи устувору миллии худро мустаҳкам намуда, дар пешрафти давлату миллат саҳмгузор бошанд.

Гулова С.
"ТВ Душанбе"