image

Дар ноҳияи Шоҳмансур маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид

date_range23.05.2023, 12:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye217

Аз 10 то 15 майи соли ҷорӣ даври ноҳияии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар толори МТМУ №31 ҷараён гирифт. Дар асоси рӯйхати пешниҳодгардидаи муассисаҳои олии таълимӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия 1200 нафар бояд дар ин даври озмун ширкат меварзиданд. Дар асоси баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодагрдида танҳо 830 имкон ёфтанд, ки дар озмун иштирок намуда, маҳорати худро санҷанд. Аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳои озмун довталабон маҳорати худро пешниҳод намуданд ва доварон дар асоси низомнома ва талаботи озмун ба дониши онҳо баҳогузорӣ карданд.

Гуфта шуд, ки бо омодагии хуб довталабон дар озмун ширкат намуданд ва танҳо беҳтаинҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Баъди санҷидани маҳорати ҳамаи иштирокчиён ва ҷамбасти озмун инак маросими қадрдонии ғолибону беҳтаринҳои озмун сурат гирифт.

Ин маросим низ дар МТМУ №31-и н.Шоҳмансур баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз МИҲД-и н.Шоҳмансур, сохторҳои ноҳивӣ ва ғолибони озмуни мазкур иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар доир карда мешавад.

Дар раванди чорабинӣ ғолибони даври ноҳиявии озмун бо мукофотпулиҳо, аз ҷумла ҷои якум ба маблағи 500 сомонӣ, ҷои дуввум 400 сомонӣ ва ҷои сеюм 300 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон ба омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби ин даври озмун шудаанд, барои ҷои якум 400 сомонӣ, ҷои дувум 300 сомонӣ ва ҷои сеюм 200 сомонӣ тақдим гардид. Ҳаминтавр беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"