image

Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир гардид

date_range24.05.2023, 11:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye191

Дар саҳни бинои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов бахшида ба Рӯзи ҷавонон чорабинии зебои фарҳангӣ доир гардид.

Дар ҷамъомади навбатӣ меҳмонон аз як қатор кумитаву сохторҳои дахлдор ва устодону донишҷӯёни ин муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола санаи 23-уми май дар саросари кишвар таҷлил мегардад.

Дар ин замина устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов низ бо самимияти хос ин санаро таҷлил намуданд. Пеш аз ғози чорабини иштирокдорон аз дастоварду пешравии донишчӯён, бозиҳои гуногуни варзишиӣ аз қабили воллейбол, бандкашӣ ва шохмоту шашкӣ, ки дар макони баргузории чорабинӣ доир шуд, дидан карданд.

Сипас чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид. Зимни баромади масъулин қайд гардид, ки филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар ҶТ пайваста баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон саъю кӯшиш намуда, онҳоро ояндасози кишвар эътироф намудааст. Дар идома ширкатдорон бобати саҳми ҷавонон дар пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон маърӯза карданд.

Дар идома ба як қатор донишҷӯёни фаъол, ки дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он сазовори ҷойҳои якум дуюм ва сеюм гардида, кишвари азизамон, Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд, ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд. Инчунин ба як қатор устодоне, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳо ғолиб омадаанд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карданд. Барномаи зебои фарҳангӣ, ки иборат шеъру тарона ва рақсҳои дилнишин буд, ба ҳусни чорабинӣ таровати дигарероро зам намуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"