Ҳамоиши олимони ҷавон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи шаҳрии олимону муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илм ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуд, ки дар он коршиносону собиқадорон, намояндагон аз вазорату идораҳо ва фаъолҷавонони пойтахт иштирок доштанд.
Тавре гуфта шуд, дар замони соҳибистилолии кишвар таваҷҷуҳи Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврасу ҷавон беназир буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳсил, истироҳату донишандузии онҳо ва омода кардани варзишгарони касбӣ бо истифода аз усули муосир ҳамасола тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Дар идома баҳри саҳмгузорӣ дар пешбурди сиёсати ҷавонон ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолҷавонон бо сипосномаву ифтихорномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдони гардиданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ