Фаъолияти «Толори кормандони илм» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Ҳамарӯза садҳо нафар ташнагони илму маърифат барои баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва дастрасӣ пайдо намудан ба маъхазҳои илмӣ вориди Китобхонаи миллии Тоҷикистон мешаванд. Дар миёни онҳо кам нестанд нафароне, ки дар «Толори кормандони илм» аз хизматрасонии кормандони шуъбаи рисолаҳои илмӣ баҳравар мешаванд.
Гӯшаи осори илмии олими шинохта, пажуҳишгари беҳамто ва ҳунарманди асил шодравон Ҷӯрабек Назрӣ дар ин толор ба макони писандидаи аҳли илму адаб табдил ёфтааст.
Воқеан ҳам ҳамарӯза даҳҳо нафар олимони ҷавону донишҷӯён ва аҳли илму адаб бо мақсади дастрасӣ пайдо намудан ба осори гаронбаҳои ин донишманди нуктасанҷу нотакрор ба ин ҷо меоянд ва бо мутолиаи асарҳои нодир ҷаҳони маънавии худро ғанӣ мегардонанд.
Таҳқиқоти анҷомдодаи ин олими шинохта миёни донишмандон ва муҳаққиқон мавқеи хосса дорад. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки осори илмии Ҷӯрабек Назрӣ аслан бунёдӣ буда, ҳар кадом падидаи нодире дар ҷодаи таҳқиқи таърихи адабиёти форсу тоҷик аст.
Чӯрабек Назрӣ тӯли чанд соли бар уҳда доштани роҳбарии Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар айни замон Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати такмили соҳаҳои гуногуни улуми ховаршиносӣ, баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ, нигоҳ доштани иқтидори илмӣ аз ҳисоби ҷавонони соҳибистеъдод, тақвият додани он ва ба талаботи замон мутобиқ сохтани нақшаҳои илмӣ талош варзидааст.
Ҳамарӯза кормандони шуъбаи рисолаҳои илмӣ вобаста ба талабу дархости муштариёни «Толори кормандони илм» аз китобхонаи шахсии устоди зиндаёд дархост иҷро менамоянд.
Қаландаров Н.
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ