Ҷаласаи Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷаласаи Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд.
Дар кори ҷаласа Раиси Шӯро, муовинони Раиси Шӯро, котиби масъули Шӯро, аъзоёни Шӯpo, роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, мудирону бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷавонони фаъоли ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуда, ба кори он шуруъ намуданд. Мақсади шӯрои мазкур аз расонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ иборат буд.
Зимни баромади худ котиби масъули Шӯро зикр намуд, ки таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад.
Тибқи тартиб гузориши котиби масъули Шӯро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ шунида шуда, оид ба фаъолияти бахш дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳисобот дода шуд. Сипас гирандаи стипендияи Президентӣ, гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, гирандаи стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии пайвастаашон ба насли ҷавони кишвар расониданд.
Дар поёни ҷаласа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба як қатор кормандон ва фаъолони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш сипосномаҳо ва мукофотпулиҳо тақдим шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ