Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» дар Китобхонаи миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд
Бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» зери унвони «Пайравони Пешвои миллатем» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, адибон, ҳунармандони ансамбли рақсии «Лаъл», Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», «Филармонияи давлатии бачагона» ва Муассисаи давлатии «Сирк»-и давлати Тоҷикистон ширкат намуданд.
Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида зикр намуд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд.
Дар идома адиби шинохта Азизи Азиз низ суханронӣ намуда барои ширкатдорони ҳамоиш аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат намуд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ