image

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳурияви таҳти унвони “Рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳони муосир”

date_range27.05.2023, 08:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye225

370Бо ташаббуси кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар шароити кунунии мураккаби ҷаҳонишавӣ таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкили таъмини амнияти иттилоотӣ ташаккул ёфтааст. Инчунин гузариш ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳою роҳандозии «ҳукумати электронӣ» ва қадамҳои нахустин ба сӯи иқтисоди рақамӣ аҳамияти иттилоотиро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун масъалаҳои мубрам арзёбӣ мегардад. Дар ин доира дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳурияви таҳти унвони “Рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳони муосир” доир гардид, ки дар он олимону коршиносони соҳа аз муассисаҳои олии таълими ва устодони Академияи идоракунии давлатӣ иштирок ва андешаронӣ карданд.

Иброз гардид, ки дар айни ҳол ҷаҳон дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ, бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ, авҷи ҷангҳои иттилоотӣ ва инчунин ҷараёни босуръати рушди техникаю технологияи навин қарор дорад. Бо пайдо шудани алоқаи кайҳонӣ имрӯз дар рӯйи замин воситаи нави паҳн намудани иттилоот ба вуҷуд омадааст, ки яке аз онҳо шабакаҳои интернетӣ ба шумор меравад. 

Ҳамчунин дар мавзуҳои “Баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи”, ”Иқтисоди рақамӣ: мушкилот ва дурнамо”, “Гузариш аз ҳукумати электронӣ ба иқтисоди рақамӣ” маъруза пешниҳод гардид. Тавре гуфта шуд рушди босуръат ва фарогири илми информатика, пешрафти бемайлони коммуникатсияи компютерию шабакавӣ, гузариши бошитоб аз ҷомеаи саноатӣ ба ҷомеаи иттилоотӣ ва ривоҷи иттилоотонии тамоми соҳаҳои ҳаёт тақозо менамоянд, ки муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо мазмуни нав пурра гардонида шуда, тарзи идоракунии иқтисодиёти миллии мамлакат такмил дода шавад.

Теҳрон Файзов

"ТВ Душанбе"