image

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид

date_range27.05.2023, 09:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye285

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоимли Сомонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертиву ҳунарӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони Душанбешаҳр ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ гардонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон аз ҷониби масъулин давоми моҳи май дар маконҳои фарҳангиву фароғатӣ ва истироҳатии пойтахт барномаҳои рангину консертӣ доир мегардад. Тавре ки масъулин иттило доданд, мақсад аз доир намудани барномаҳои консертӣ фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳатиу фароғат баҳри сокинону меҳмонони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳисоб меравад.

Сокинони меҳмонон ва истиқоматкунандагони пойтахт ҳамзамон дар доираи барномаи консертӣ ба сайругашти шомгоҳӣ машғул буданд. Кӯдакону навраосн дар фазои тоза бо истифода аз шароиту икмоноте, ки дар боғ фароҳам гардидааст, шодиву хурсандӣ намуданд. Бояд гуфт, ки дар асоси дастру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия давоми моҳи майи соли равон дар боғҳои фарҳангӣ фароғатии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва гулгаштҳои зебои он аз ҷониби масъулин барномаҳои консертӣ ва фароғатӣ пешниҳод гардиданд.

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"