image

Раиси Федератсияи камонварӣ интихоб гардид

date_range27.05.2023, 10:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye316

Дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими интихоби Раиси Федератсияи камонварӣ сурат гирифт. Дар ҷамъомад тамоми аъзоёни Федератсияи мазкур иштирок доштанд. Зимни овоздиҳӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо пуштибонии тамоми иштирокчиён Раиси Федератсияи камонварӣ интихоб гардид.

Дар баромади хеш раиси тозаинтихоби федератсия аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи варзиш ёдовар шуда, зикр намуд, ки минбаъд ба хотири рушди соҳаи камонварӣ дар кишвар тамоми кушишу малакаи худро равона хоҳад сохт.

Дар идома гуфта шуд, ки ба хотири омодагӣ баҳри иштирок дар мусобиқаҳои осиёӣ ва умумиҷаҳонии камонварӣ корҳоро дар ин самт тақвият хоҳад ёфт.

Қайд гардид, ки камонварӣ низ ба мисли дигар риштаҳои варзиш дар ҷумҳурӣ ва олам маълуму машҳур буда, корҳо дар ин самт бояд ҷоннок карда шавад.

Ҳамзамон дар ҷамъомад тариқи овоздиҳӣ муовини Раиси Федератсияи камонварӣ низ интихоб шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки Федератсияи камонварии ҷумҳурӣ 23 аъзо дошта феълан тамоми аъзоён ва кормандони он ба хотири иштирок дар бозиҳои қоравию сатҳи ҷаҳонӣ омодагӣ мебинанд.