Баргузории иқдоми "Тоҷикона мепӯшем" дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Куруши Кабир
Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои милӣ, атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идора ва ташкилоту муассисаи кишвар аксияи “Тоҷикона мепӯшем”-ро баргузор намуд, ки он ин навбат дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Куруши Кабир баргузор гардид.
Тадбири навбатӣ дар макони зебову фароғат ва манзараҳои дилфиреби Душанбешаҳр бо иштироки занону бонувони вазоратҳои адлия, фарҳанг, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо пероҳани зебои тоҷикии атласу адрас ва чакан миёни ин гулистонҳо гашту гузор менамуданд, ки бо нақшу нигор ва нигораҳои пероҳани худ ин макони дилфиребро муҷалло менамуданд.
Ҳамзамон, занону бонувон ин иқдоми пешгирифтаро бо сарфарозӣ қабул карда, шукргузорӣ аз фазои ободу озоди кишвар менамоянд ва ифтихор аз тоҷик будани худ мекунанд.
Либоси миллии тоҷикӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, ба бар намудани он ба симои зани тоҷик ҳусни дигар зам мекунад. Корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки худшиносии миллӣ аз тоҷик буданаш ифтихор менамояд ва ба бар намудани либоси миллиро рисолати аслии занону бонувони кишвар медонад.
Мавриди зикр аст, ки ба бар намудани пероҳани милливу тоҷикона муаррифӣ шудани ин унсури миллӣ ва гулдухтаронро дар роҳи дарки худшиносии миллӣ тарбият намудан рисолати аслии зан-модар тоҷик дар роҳи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллист. Анъана ва фарҳанги мардумӣ манзалати худро аз даст надода, бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар сол аз сол рушд кардааст, ки он то имрӯз пойбарҷост. Либосӣ миллӣ нишони ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва таҷассумгари зебоист. Ин унсури миллӣ муаррифгари ҳар давлату миллат аст, ки он шаҳодати соҳибтамаддуниву соҳибфарҳангист.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ