Мулоқоти сохторҳои шаҳрӣ бо хонандагони МТМУ №124
«Ба муқобили омилҳои номатлуб якҷоя мубориза мебарем»-таҳти ҳамин унвон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки сардори Хадамоти пешгирӣ ва огоҳонии ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъулини “Маркази ташаккули тарзи ҳайёти солими шаҳри Душанбе” ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо омӯзгорону хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб, бемориҳои сироятӣ, фарҳанги бегона ва ташаккули тарзи ҳаёти солим вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, баромадкунандагон оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханронӣ намуда, наврасонро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят намуданд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, махсус қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо наврасону хонандагон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ