Сайёҳати ҷавонони фаъоли пойтахт ба шаҳри Турсунзода дар доираи эълон гардидани Моҳвораи ҷавонон
Дар доираи ба роҳ мондани чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори эълон гардидани Моҳвораи ҷавонон санаи 25-уми майи соли ҷорӣ сайёҳати ҷавони фаъоли касбу кори гуногун аз пойтахти азизамон–шаҳри Душанбе тавассути қатора ба шаҳри Турсунзода ба роҳ монда шуд.
Тибқи барномаи сайёҳат ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни сафар нахуст, ҷиҳати ба ҷо овардани эҳтиром ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои яке аз фарзандони баруманди миллати тоҷик, шоири халқӣ ва арбоби ҷамъияти вусиёсии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ба назди муҷассамаи устод воқеъ дар боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бар пояи муҷассамаи эшон гулгузорӣ намуданд.
Сипас боздиди ҳайати гурӯҳ аз маҷмааи варзишии “Қасри шоҳмот”- и шаҳри Турсунзода доир карда шуд. Дар қисмати дигари сайёҳат боздиди ҳайати меҳмонон аз мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода ба роҳ монда шуд. Дар қисмати дигари саёҳат меҳмонон ба Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Сипас, тибқи барномаи сайёҳат иштирокчиёну меҳмонон аз фаъолияти истеҳсолии Корхонаи алюминийи тоҷик боздид ба амал оварданд.
Қабл аз оғози чорабинии фарҳангӣ ба собиқадорони меҳнат, ба ҷавонони фаъоли пойтахт аз тарафи намояндагони МИҲД-и Турсунзода сипоснома тақдим карда шуд.
Дар охир барномаи калони фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Турсунзода ба роҳ монда шуд, ки ба таъбу завқи иштирокчиёни сайёҳати мазкур таровати дигаре зам намуд ва бо ҳамин саёҳати 1 рӯзаи ҷавонони фаъоли пойтахт ба шаҳри Турсунзода ба охир расид.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ