image

Оғози «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

date_range29.05.2023, 10:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye286

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» оғоз гардид. Дар доираи он бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ баргузор шуд.

Ҳафтаи мазкур аз 26 май то 1 июн идома ёфта, дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯйнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми дуюми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз» ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳафта мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракати роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.

С.Гулова
"ТВ Душанбе"