image

Марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон дар шаҳри Душанбе оғоз гардид

date_range29.05.2023, 11:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye312

Дар доираи баргузории бозиҳои марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон дар шаҳри Душанбе аз 26-уми май то 3-юми июн мусобиқаи байналмилалӣ ҷараён гирифта истодааст. Лозим ба зикр аст, ки тайи солҳои охир дар кишвар бо дастгириҳои бевосистаи роҳбариятии олии мамлакат ва МИҲД шаҳри Душанбе иншоотҳои гуногуни варзишӣ ифтитоҳ ёфта дӯстдорони варзиш метавононад дар он машқу тамрин намоянд. Шоҳмот низ яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар кишвар маҳсуб ёфта варзишгарони тоҷик ҳамасола дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ ширкат меварзанд.

Дар доираи ин мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозони Осиёи Марказӣ тақдири ду роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон миёни мардон ва як роҳхат миёни бонувонро ҳал мекунанд. Дар сабқатҳои байнамилалии шоҳмот дар шаҳри Душанбе шоҳмотбозони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ширкат варзида, ҷумҳурии Ӯзбекистон 9 варзишгар (7 мард ва 2 зан), Туркманистон 8 нафар (5 марду 3 зан), Қирғизистон 2 шоҳмотбоз (1 мард ва 1 зан) ва Қазоқистон 14 шоҳмотбоз (7 марду 7 занро сафарбар кардааст. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро бошад дар мусобиқаи мазкур 10 шоҳмотбоз (ҳашт марду ду зан) муаррифӣ мекунанд.

Мусобиқа дар меҳмонхонаи Сафои шаҳри Душанбе то 3-юми июн идома хоҳад кард.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"