Озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат-2023» оғоз гардид
Аз 28-уми май то 2-юми июни соли равон дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии "Нозирони навраси ҳаракат" гузаронида мешавад. Ба ин хотир 29-уми майи соли 2023 дар Осоишгоҳи "Шоҳамбарӣ" ифтитоҳи расмии Озмуни номбурда дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар расми кушодашавии Озмуни мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли равон 6 дастаи ҷолиби даврҳои вилоятиву ноҳиявӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, водии Рашт ва шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода иштирок ва байни худ тӯли як ҳафта аз рӯйи 10 намуд шартҳо қувваозмоӣ менамоянд.
Зикр гардид, ки ҳамасола дар кишвар Озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст", "Тоҷикон дар оинаи таърих" ва "Тоҷикистон ватани азизи ман" дар байни сокинони кишвар, бахусус ҷавонону наврасон гузаронида мешавад. Гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" низ хушбахтона, соли равон дар ҳамин радиф сурат мегирад.
Ҳадаф аз гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" пеш аз ҳама, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ перомуни риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти мунтазами дастаҳои "Нозирони навраси ҳаракат" дар шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин дӯстиву муҳаббат дар байни иштирокчиёни Озмун хонда шуд.
Бояд қайд намоем, ки ҳамасола гузаронидани Озмуни нозирони навраси ҳаракат дар роҳ пеш аз ҳама тақозои замон ва талаботи ҷаҳони муосир аст. Зеро, ҳамарӯза дар роҳҳо теъдоди воситаҳои нақлиёт афзуда, дар ин замина рух додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон дар роҳҳо бештар ба назар мерасанд. Аз ин лиҳоз гузаронидани чунин озмунҳо ҳамасола бахусус дар боби пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба мақсад мувофиқ ва боиси дастгирӣ мебошад.
Дар охир баҳри болидаруҳии ҳозирин ва иштирокчиёни озмун аз ҷониби ансамбли Ғунчаҳои пойтахт барномаи рангини фарҳанги пешниҳод гардид.
Мардонов Қандил
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ