image

«Муқовимат ба ифротгароӣ омили муҳими рушди босуботи ҷомеа» таҳти чунин унвон Форуми ноҳиявӣ доир шуд

date_range30.05.2023, 15:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 майи соли 2023 «Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ва иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 10 майи соли 2023 «Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ» аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Форуми ноҳиявӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ омили муҳими рушди босуботи ҷомеа» ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар кори Форуми ноҳиявӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ омили муҳими рушди босуботи ҷомеа» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Прократураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндаи шуъбаи дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ будаи КДАМ ҶТ, ШВКД дар ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мубориза ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегонагон бидуни мавҷудияти ақидаи устувор дар кадом соҳае, ки набошад, ғайри имкон аст. Пешгирӣ кардан аз ифротгароию тундгароӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи миллат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суббот ва рушди кишвари азизамон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла равандҳои террористию экстримистӣ дар ҷаҳон ва минтақа таваҷҷӯҳи хос доранд. 

Маърузачиён дар суханронии худ изҳор доштанд, ки дар замони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

Дар рафти баргузории форум як қатор кормандон бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"