«Кӯдакон дунёи моянд». Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Сино
Чорабинии асосии ноҳиявӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва масъулини муассисаҳои дахлдор дар Боғи фарҳангу фароғатии «Ҷавонон» баргузор шуд.
Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ намояндагон аз МИҲД-и нСино, зерсохторҳои мақомоти ноҳия, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабиӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши фарҳангӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия доир гардид. Дар ин чорабинӣ низ кӯдакону наврасон бо омодагии ҳамаҷониба ширкат намуданд.
Зимни баромади намояндаи МИҲД-и н.Сино зикр шуд, ки бо бунёди муассисаҳои нави томактабӣ ва марказҳои хизматрасониву тавонбахшӣ, майдончаҳои муосири варзишӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия шароити иҷтимоии кӯдакону наврасон дар баробари дигар навоҳии пойтахт дар ноҳияи Сино низ беҳтар гардидааст.
Дар идомаи ин ҳамош ба як қатор фаъолони муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Сино ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар идома барномаи рангини фарҳангии ҷолиб пешниҳоди ширкатдорони ҳамоиш гардонида шуд.
Дар доираи ин сана ҳамзамон саёҳати кӯдакони ноҳия дар боғи Кӯли ҷавонон роҳандозӣ шуд. Ин тадбир ба хотири болидаруҳии кӯдакон аз тарафи МИҲД-и н.Сино созмонда шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ