image

Идомаи Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон дар шаҳри Душанбе

date_range01.06.2023, 13:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye238

Марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Мусобиқаи мазкур шумораи зиёди варзишгаронро аз 6 кишвар - Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва кишвари мизбон Тоҷикистон ба ҳам овардааст. Сабқатҳо дар меҳмонхонаи Сафои пойтахт ҷараён гирифта, аллакай даври 6-уми он ба анҷом расид. Шоҳмот бозии зеҳнӣ буда, солҳои охир таваҷҷуҳ ба он дар кишвар афзудааст ва ҳама қишри ҷомеа ба ин навъи варзиш майли зиёд доранд.

Ҷои таъкид аст, ки дар доираи ин мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозони Осиёи Марказӣ тақдири ду роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон миёни мардон ва як роҳхат миёни бонувонро ҳал мекунанд. Ҳамин тариқ баъди бозиҳои шаш даври мусобиқа дар миёни бонувон намояндаи Ӯзбекистон Умеда Омонова бо касби 4,5 хол дар зинаи аввал қарор гирифта, Ксения Балабаеваи қазоқ бо 4,5 хол дар зинаи дуввум аст ва ҳамватанаш Амина Каирбекова бо 4 хол мақомдори зинаи сеюм аст. Дар миёни шоҳмотбозбонувони тоҷик Рухшона Саидова дар чор давр 2,5 хол гирифта, аз миёни 16 варзишгар дар зинаи 12-ум аст.

Дар миёни мардон айни ҳол намояндаи Ӯзбекистон Муҳиддин Мадаминов бо касби 4.5 хол дар зинаи аввал қарор гирифта, ҳамватанаш Нодирбек Яқуббоев бо 4,5 хол аз шаш давр дар зинаи дуюм қарор дорад. Мақомдори зинаи сеюм бошад Ринат Ҷумабаеви қазоқ мебошад, ки ҳамчунин 4,5 хол дорад. Аз миёни шоҳмотбозони тоҷик Ҷамолиддин Илҳомӣ мақоми баландтарин дошта, баъди шаш давр бо касби 3 хол аз миёни 28 иштирокчӣ дар зинаи 16-ум қарор дорад.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"