Ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон таҳти унвони "Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон"
Дар доираи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон аз ҷониби МИҲД-и шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар МД фарҳангию фароғатии Аҳорун ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон" баргузор гардид. Пеш аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву эҷодии наврасону ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ дидан намуданд.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои шаҳрӣ ва ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок доштанд. Тавре масъулин иброз доштанд дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати ҷидди дода мешавад.
Дар идомаи ҳамоиш як қатор сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, ки ба хотири татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва чорабиниҳо дар доираи моҳвораи ҷавонон саҳми арзанда гузоштанд, сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ки аз ҷониби аҳли фарҳанг ва санъати пойтахт пешниҳод гардид хотири ҳозиринро шод намуд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ