image

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Кӯдакистони №90

date_range01.06.2023, 15:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye236

Бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангии хотирмон бо иштироки масъулин ва волидайни кӯдакон доир гардид.

Дар чорабинии бошукӯҳ мураббияҳои Муассиса бо ҷалби тарбиятгирандагон барномаи рангини фарҳангиро дар саҳни ин Муассиса ба хотири хушҳолии онҳо ташкил намуданд.

Рақу суруди дилнишини кӯдакон, базми шеъру суруд ва дигар бахшҳои ҷолиби аз ҷониби мураббияҳо омодагардида, чорабиниро шукуҳи хоса бахшид.

Мавриди зикр аст, ки тарафи давлату Ҳукумати кишвар дар самти тарбият ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ин насли хурдсол пайваста таваҷуҳу ғамхориҳо зоҳир мегардад. Аз ҷумла, сохта, ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ҷой барои бозии кӯдакон, боғӯ марказҳои дилхушӣ барои кӯдакон аз тадбирҳои дигари Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти ин Муассиса ба хотири хушҳолиашон туҳфаҳои идона тақдим гардид.

Гулова С.
"ТВ Душанбе"