Баргузории чорабинии идонаи фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Кӯдакон дунёи моянд”
Дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии бошукуҳи идона таҳти унвони “Кӯдакон дунёи моянд” баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорону муараббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва оммави васеи кӯдакону наврасон ширкат намуданд.
Чорабинӣ нахуст бо пешниҳоди намоиши ҳунару эҷод ва дастовардҳои кӯдакону наврасони пойтахт, озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва фароғативу варзишӣ бо ширкати кӯдакону наврасон ҷараён гирифта, сипас дар амфитеатри Боғи кӯдакон барномаи фарҳангии идона доир гардид. Дар оғози барномаи фарҳангӣ нахуст паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ироа гардид. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар зимни суханронӣ аз ҷумла иброз дошт, ки “Кӯдакон гулҳои зиндагӣ, маънии ҳаёт ва дар маҷмуъ дунёи рангину беолоиши мо буда, ояндасозони ҷомеа ва фардои рахшандаи башарият мебошанд. Ин аст, ки дар ҳама давру замон ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, таълиму тарбия, таъмини ҳаёти арзанда, икишофи равонию ҷисмонӣ ва фароғату истироҳати кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, инак тули зиёда аз ним аср таҷлил гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон исботи ин гуфтаҳо мебошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи амалии дастуру супориш ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, бо роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи мазкурро аз қабулу татбиқнамоии барномаҳои мушаххаси соҳавию байниидоравӣ то иҷрои корҳои мушаххаси ба рушду инкишофи зеҳниву ҷисмонии кӯдакон – сокинони навраси пойтахт равонагардида амалӣ менамояд.”
Зимнан таъкид гардид, ки таҷлили имсолаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 майи соли 2023, таҳти №252 сурат гирифта, дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фаҳангиву маърифатӣ баргузор намудани он аз 26 май то 1 июни соли равон Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе эълон карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар ин муддат, маросими тантанавии гулгузории кӯдакону наврасон дар пояи Муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ баргузор гардида, дар идома консерти ғолибон ва ҳавасмандгардонии ҷоизадорони Фестивал озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе “Шукуфаҳои пойтахт”, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони бахшҳои озмунии Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон, рӯйнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои эҷоднамудаи иштирокчиёни Форуми дуюми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе “Килки сабз”, консертҳои сайёри муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ ва мактаб – интернатҳо, аксияҳои таблиғотию ташвиқотӣ, озмуну мусобиқаҳои гуногуни маърифативу варзишӣ ва ғайра гузаронида шуданд.
Сипас ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои доиргардида ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон диплому сипоснома ва туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд.
Дар идомаи чорабинии идона барномаи бошукӯҳи фарҳангии омоданамудаи ансамбли “Шукуфаҳои пойтахт”- и Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” таҳти унвони “Кӯдакон дунёи моянд” пешниҳод карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ