Истиқболи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ
Бо баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва оммавӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъулини ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро истиқбол намуданд.
Ҳамоиши асосии ноҳиявӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои мақомот ва воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсӣ дар робита ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор шуд. Ин тадбир дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе созмон ёфтааст. Нахуст кӯдакони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия дар алоҳидагӣ барномаҳои рангини фарҳангиро пешниҳод намуданд, ки хеле ҷолибу хотирмон сурат гирифт.
Зимни баромади масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар чорабинӣ доир ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, шароити фароҳамгашта барои таҳсили онҳо баромад намуданд. Зикр рафт, ки дар муассисаҳои томактабӣ ҳоло шароити зарурӣ фароҳам буда, кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар идомаи ҳамоиши ноҳиявӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳивзи кӯдакон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва сохторҳои дигари марбута ба кӯдакон, ки дар ҳамоиш фаъолона ширкат намудаанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Намоиши бошукуҳи фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардид. Он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатиии Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ ташкилу роҳандозӣ шудааст, ки мақсади он таъмини истироҳату фароғати кӯдакон ва таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ