image

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Садриддин Айнӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ доир шуд

date_range02.06.2023, 15:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye241

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн ҷашн гирифта мешавад, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Садриддин Айнӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид. Ин рӯз бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардида буд.

Дар Ҷумҳурии Точикистон, ки қишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ин рӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил гардида, дар саросари мамлакат барномаҳои мухталиф баргузор мегарданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар асоси Қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи маърифативу фарҳангӣ баргузор гардид.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ин барномаи фарҳангӣ дидан карданд. Тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар гӯшаҳои гуногуни боғ таҳти танини суруду оҳангҳо рақсу хурсандӣ намуданд.

Боиси сарфарозии мо, тоҷикон аст, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддунамон аз қадимулайём дар ҷодаи ҳимоя ва парвариши тифл, масъулияти ҷомеа ва волидайн дар тарбияи кӯдакон заминаҳои мустаҳками илмиву амалӣ гузоштаву таҷрибаи ғании гузаштагонро ҳифз кардааст. Ба тамоми тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар шириниҳо тақдим карда шуд. Ҳамзамон дар доираи тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи байнаимлалии ҳифзи кӯдакон муассисаҳои таҳислоти миёнаи умумии ноҳия низ дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Дар натиҷаи чунин дастгириву ғамхории ҳукумати мамлакат кӯдакону наврасони кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҷиҳати таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон пайваста талош меварзад. Хурдсолони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳия ва маҳфилчиёни Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи исмоили Сомонӣ барномаи зебои фарҳангиро пешниҳоди аҳли толор гардониданд. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак хусусиятҳои хоси худро дорад ва аз ин рӯ истифодаи механизм ва ниҳодҳои махсусро дар ин самт тақозо менамояд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"