image

Натиҷагирӣ аз се рӯзи мусобиқаи Душанбе Гран-При-2023

date_range05.06.2023, 09:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye238

Нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар шаҳри Душанбе зери унвони Гранд При Душанбе 2023 ба анҷом расид.

Мусобиқаи мазкур давоми се рӯз дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо иштироки 315 варзишгар аз 40 кишвари олам баргузор гардид ва тибқи натиҷагирии он дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 7 медал дар мақоми аввал қарор гирифт.

Дар маросими кушодавшавии мусобиқа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.

Санаи 4уми июн рӯзи ниҳоии мусобиқаи Гран-прии Душанбе 2023 оид ба ҷудо, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудои Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, доир гардид.

Дар рӯзи сеюм ҷудочиён дар вазнҳои то 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг байни мардон ва дар вазнҳои то 78 кг ва беш аз 78 кг байни занон рақобат хоҳанд кард.