Баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” дар “Боғи Ирам”
Дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” баргузор гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ташкил карда, доир гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.
Ҳамзамон барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Тавре иттилоъ дода шуд тибқи низомнома ба озмун ҳунармандон аз рӯйи 7 номинатсия: кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ; гаҷкорӣ, ойинабандӣ, кундалнигорӣ; заргарӣ, мисгарию оҳангарӣ; ороиш аз санг; кулолгарӣ; читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, попурӣ; намадмолӣ ва қолинбофӣ молу маҳсулоти худро дар се давр пешниҳод намуданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” ҳайати расмӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок доштанд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян гардида, бо мукофотҳо, “Дипломҳо”-и дараҷаи 1, 2 ва 3, сарфароз гардонида шуданд. Ба ғолибони ҷойҳои якум ҷоизаи “Ҳунарманди сол” тақдим карда шуд. Ҳамзамон, барои ҳамкорӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмун ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ иборат, аз рақсу суруд баҳри болидагии иштирокдорон баргузор карда шуданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ