image

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияи Сино ҷамъбаст гардид

date_range06.06.2023, 10:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye239

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар мукофотпулиҳо сарфароз гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки аз ноҳияи Сино ба даври шаҳрии озмун 71 нафар роҳхат ёфтанд.

Дар ин рӯз ба 71 нафар ғолибоне, ки дар номинатсияҳои муайянгардида фаъолона иштирок намуда, ҳунару маҳорати хешро ба аъзои ҳакамон нишон дода, ғолибиятро ба даст оварданд, дар вазъияти тантнавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақдим гардид. Дар ин доира ба аъзои ҳакамон ва дигар масъулин, ки дар баргузории даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияи Сино саҳм гузоштанд, сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Бояд қайд кард, ки соли равон барои баргузории Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ муқаррар шудааст. Чун анъана озмун дар се давр баргузор мегардад. Тавре дар Низомномаи озмуни соли равон омадааст: «Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, ва дизайн гузаронида мешавад. Инчунин ҳар як номинатсия аз се жанр: академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ иборат аст».

Бояд гуфт, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"