image

Иштирокчиёни Арифметикаи зеҳнӣ бо касби мавқеҳои ифтихорӣ ба Ватан баргаштанд

date_range06.06.2023, 11:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye191

Ҳамасола дар яке аз шаҳрҳои Федератсияи Россия оид ба «Арифметикаи зеҳнӣ» Олимпиада баргузор мегардад. Имсол низ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар ин мусобиқаи байналмилалии зеҳнӣ иштирок намуда, ба касби мавқеҳои ифтихорӣ ба Ватан баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ғолибони Олимпиада «Арифметикаи зеҳнӣ»-ро намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва волидонашон пешвоз гирифтанд.

Иттило дода шуд, ки рӯзҳои 1 ва 2-юми июн дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба «Арифметикаи зеҳнӣ» баргузор гардид, ки дар он 100 нафар иштирокчӣ аз кишвароҳи Осиёи Миёна ва аз 19 шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ширкат намуданд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилаӣ 7 нафар хонанда аз маркази таълимии «ҚАЛАМ» зери номи "Пифагорка Душанбе" намояндагӣ намуданд. Хонандагон дар 4 категория рақобат намуданд. Маҷмӯаҳои медалҳоро биринҷӣ, нуқра, тилло ва Ҷоми ғолибони мутлақ ташкил медод.

Дар ҷадвали раддабандии дастаҳо, намояндагони Душанбе аз Тоҷикистон шумораи бештари ҷомҳоро ба даст овард.

Дар раддабандии рӯзи охир тими "Пифагорка Душанбе" бо соҳиб гардидани аксарияти ҷойҳо иштирокчиёни Олимпиадаро ба ҳайрат гузошта, мақоми аввалро соҳиб гардид.

Аз соли 2020 маркази таълимии «Қалам» намояндагии расмии маркази рушди имкониятҳои зеҳнии "Пифагорка"-и Россияро ба уҳда дошта хонандагони фанни Арифметикаи зеҳниро дар ин марказ зери унвони "Пифагорка Душанбе" меомӯзанд. Ҳамасола маркази Пифагоркаи Россия Олимпиада ва мусобиқоти байналмилалиро аз фанни Арифметикаи зеҳнӣ дар яке аз шаҳрҳои Россия баргузор менамояд, ки дар он хонандагон аз ҳамаи манотиқи Осиёи Миёна ва шаҳрҳои Россия иштирок мекунанд.

Қандил Мардонов
"ТВ ДУшанбе"