image

Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист

date_range06.06.2023, 15:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye229

Дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» корхонаву ташкилот, муассисаву идора, сохторҳои зертобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бахшҳои муҳити зист доранд, дастовардҳои худро ба намоиш гузошта буданд. Дар чорабинӣ намунаи паррандагони нодиру хушхон ва дигар дастовардҳои соҳавии аз ҷониби устодону донишҷуёни донишгоҳҳои олӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ ба намоиш гузошта шуд.

Нахуст меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳа ва маҳсулотҳои аз нигоҳи экологӣ тоза, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбии ҳудуди пойтахт ба маъраз гузошта шуда буд, боздид намуда, ба анвои гуногуни маҳсулоти ба намоиш гузошташуда баҳои баланд доданд.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода суханронӣ кард. Ҳамзамон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода суханронӣ намуда, табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро вобаста ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ба меҳмонону ҳозирин ва сокинони пойтахт расонид.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам суханронӣ карда, мақсади асосии таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зистро тозаву озода нигоҳ доштани атроф, фароҳамсозии фазои тозаи экологӣ, ҳифзи муҳити солим ва таъмини маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза маънидон намуданд. Зикр шуд, ки бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, маъракаи умумиҷумҳуриявии кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва барқароркунии боғҳои кӯҳна, гулзоркунии боғҳои фароғатӣ, кӯчаю хиёбонҳо қариб тамоми фасли сол гузаронида мешавад.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чанд озмуну мусобиқаҳо баргузор карда шуданд ва ғолибони онҳо дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар идомаи чорабинии мазкур барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду таронаҳои тараннумгари меҳанпарастиву ватандӯстӣ дар иҷрои ҳунармандони касбии кишвар, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.

Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"