image

Хатми курси омӯзишӣ барои занон-кормандони вазорату идораҳо дар Академияи идоракунӣ

date_range07.06.2023, 09:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye361

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ барои занони кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст гардид.

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 бо мақсади тақвият додани донишандӯзии хизматчиëни давлатӣ аз ҳисоби бонувон дар азхудкунии забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ, коргузорӣ дар идораи давлатӣ, маҳорати суханварӣ ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат аз рӯи барномаи "Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиëни давлатӣ" курси омӯзишӣ барои 20 нафар занон-кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст гардида, дар як вақт марҳилаи дуюми он барои 25 нафар занону духтарон –хизматчиёни давлатӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Бояд қайд намуд, ки баргузории курсҳои мазкур дар як сол се маротиба ба нақша гирифта шуда, дар маҷмуъ 60 нафар занону духтарон аз мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷалб мегарданд.

Дар маросими ҷамъбасти марҳилаи якуми курс ва ифтитоҳи марҳилаи дуюми он Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил, директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, хатмкунандагони курс бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар мавриди курси омӯзишӣ, ки дар ҳаҷми 96 соати таълимӣ се моҳ идома ёфт, ибрози андеша намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ хатмкунандагон соҳиби Гувоҳнома гардиданд.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"