"Ҷойгоҳи Аминҷон Шукӯҳӣ дар адабиёти муосири тоҷик". Баргузории конференсия бахшида ба 100-солагии шоир
Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 100 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ Конференсияи илмию амалӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ ва намояндагони дигар вазорату ниҳодҳои масъул иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур намояндагони илму адаб атрофи хидматҳои мондагори Аминҷон Шукӯҳӣ дар адабиёти муосир муърӯзаҳо ироа намуданд.
Табиист, ки адабиёт дар тарбияи маънавии ҷомеа, ташаккули хислатҳои наҷиби инсони нақши калидӣ мебозад ва бо ба назар гирифтани ин рисолати пурифтихор аз замоне, ки Аминҷон Шукӯҳӣ вориди майдони адабиёт шуд, тавассути шеъру ҳикоя ва мақолаҳои публиситии худ дар тарбияи зебоипарастии мардум саҳми мондагоре гузоштааст. Нахустин шеърҳои ин шоири тавоно таҳти унвони «Суруди чашмасор» соли 1948 ба табъ расидааст, ки дар зеҳни хонанда эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор мекунад. Баъдан маҷмӯаҳои ашъори «Ватани сулҳ», «Рӯзҳои мо», «Садои дил», достони «Кӯчабоғи ошиқон», силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила», «Нафаси гарм», «Арзи қалам» маҳбубияти шоирро миёни ҳаводоронаш бештар намуд.
Дар шеърҳои Аминҷон Шукӯҳӣ маъалаҳои замон, одобу ахлоқи ҳамида, сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ мавқеи махсус доранд. Дар асарҳои насриаш бошад, ба забони равону оммафаҳм бештар ҳаёти мардуми одиро тасвир кардааст, ки аз вижагиҳои эҷодкории шоир шаҳодат медиҳад. Ба зикри коршиносон баргузории чунин чорабиниҳо барои шинохти амиқи чеҳраҳои адабиёти тоҷик ва баланд бардоштани завқи насли наврас вобаста ба худшиносиву пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ муосидат менамоянд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ